То охири аксия монд:

Рухсатнома барои кор

Рухсатнома барои коркунӣ барои шаҳрвандони хориҷи дур, мутахассисони баландихтисос (МБИ) ва донишҷўёни хориҷӣ   

№ хизматҳо

Ёри дар расмикунонӣ

Кадом ҳуҷҷатҳо бояд тақдим шаванд

Муддати расмикунонӣ

Нарх

1

Рухсатнома барои коркунӣ барои донишҷўёни хориҷӣ “бо калид”, минҷумла рухсат барои воридшавӣ ба ФР ба муддати 1 сол  



  1. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ.
  1. Нусхаи қайд.
  2. Нусхаи корти мигратсионӣ.
  3. Расмҳои рангаи беҷилои ҳаҷми 3*4 см – 2 дона
  4. Якҷоя ба таклифнома барои даромад

3 ҳафта


41 900 рубл

2

Рухсатнома барои коркунӣ барои шаҳрвандони  хориҷи дур “бо калид”, минҷумла рухсат барои воридшавӣ ба ФР ба муддати 1 сол  


  1. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ.
  1. Нусхаи қайд.
  1. Нусхаи корти мигратсионӣ.
  1. Расмҳои рангаи беҷилои ҳаҷми 3*4 см – 2 дона
  1. Якҷоя ба таклифнома барои даромад

3 ҳафта


44 900 рубл

3

Рухсатнома барои коркунӣ барои мутахассисони баланд ихтисос (МБИ) “бо калид”, минҷумла рухсат барои воридшавӣ ба ФР ба муддати 3 сол  


1. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ.

2. Нусхаи қайд.

3. Нусхаи корти мигратсионӣ.

4. Расмҳои рангаи беҷилои ҳаҷми 3*4 см – 2 дона

5. Якҷоя ба таклифнома барои даромад

3 ҳафта


44 900 рубл

Хусусиятҳои мутахааасиси баландихтисос:

1) Барои ба кор омадани ў квота талаб намешавад;

2) Ў метавонад барои зист ба мамлакат тамоми аъзои оилаи худро таклиф намояд;

3) Ў ба муддати 90 рўз аз қайдгузарии мигратсионӣ ва ҷои зист озод карда мешавад;

4) Ў се сол кор карда метавонад, баъд якчанд бор метавона рмуддати рухсатномаи кориашро дароз намояд;

5) Баъди ба итмом расидани муддати шартнома, дар давоми 30 рўз ў кордиҳандаи навро ёфта метавонад;

6) Рухсатнома барои коркунии ў дар як вақт дар якчанд субъектҳои Федератсияи Россия тан гиирфта мешаванд ва ғ.  

 

Аз  1 январи соли 2014 ба қонунмандии ФР тағйироте дохил шуданд, ки мувофиқи онҳо донишҷўёни хориҷӣ ҳангоми таълим дар ҳудуди Федератсия Россия кор карда метавонанд.

 

Барои донишҷўёни хориҷие, ки дар макотиби олии Россия аз соли 2014 рўзона таҳсил мекунанд, тартиби гирифтани рухсатнома барои кор  осон гардонида шудааст (Қонуни федералии Федератсияи Россия аз 23 июли соли 2013 №203-Ф3 ш.Москва “Дар бораи даровардани тағйирот ба Қонуни федералии“ Дар бораи мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсия Россия” ва дигар баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Федератсияи Россия бо мақсади фароҳам оввввардани шароити иловагии мусоид барои аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ  гирифтани таълим дар Федератсияи Россия” ба ҳукми қонун 1 январи соли 2014 даромадааст).

 

Тағйироти қонунмандӣ рўйхати хурди ҳуҷҷатҳоро барои донишҷўи талабгор, дар муддатҳои кутоҳ дида баромада шудани  аризаи ў ва бе ҳисобгирии квотаҳои ҳарсола дода шудани рухсатномаро дар назар дорад.

Дар ин ҷо шаҳрванди хориҷӣ бояд фаъолияти меҳнатии худро дар ҳамон шаҳре (вилояте), ки мактаби олӣ ҷойгир шудааст ё бевосита дар Университет, ки таълим мегирад, барад.

Рухсатнома барои коркунӣ ба муддати шартномаи меҳнатии басташуда, аммо на зиёд аз як сол дода мешавад. Муддати рухсатнома дароз карда мешавад, агар донишҷў хонишро давом диҳад, ва бекор карда мешавад, агар донишҷў таълимро қатъ намояд. Мувофиқи қонун ҳамчунин шаҳрванди хориҷии раводиди одди таълимидошта бе расмкунонии ҳуҷҷатҳои махсус кор карда метавонад. 

Рухсатнома барои коркунӣ – ҳуҷҷати барои шаҳрвандони хориҷӣ заруриест, ки ҳуқуқи дар Москва ва вилояти Москва кор карданро медиҳад. Бо гирифтани он метавон аз рўи ихтисоси дилхоҳ дар фарди алоҳида ё ташкилоти тадбиркорӣ кор пайдо намуд. Шарти ягона – коргоҳ бояд дар ҳудуди дар рухсатнома нишондодашуда бошанд. Ҳуҷҷати мазкури додашуда ба муддати 1 сол ҳақиқӣ ҳисобидамешавад. Баъди ба итмом расидани муддат шаҳрванди хориҷӣ бояд тамоми аъмоли авваларо, минҷумла аз сарҳад гузаштанро такрор намояд.

Барои гирифтани рухсатнома барои кор бояд тамоми ҳуҷҷатҳо тахт шаванд: ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахс, корти мигратсионӣ, нусхаи қайди семоҳа.

Дар бораи мо


ХИЗМАТҲОИ МО
Мулоҳизаҳо