То охири аксия монд:

Ҳуҷҷати зист

№ п/п

Номи  хизматҳо

Рўйхати зарурии ҳуҷҷатҳо

Нарх

1.

Ёрӣ дар пур намудани саволнома барои ҲЗ

Пурра будани тамоми маълумотҳо барои пур намудани саволнома.

1 000 рубл

2.

Ҳуҷҷати зист

  1. 4 дона сурати сиёҳу сафед, беҷило (3,5x4,5).
  1. Нусхаи аслии корти мигратсионӣ ва нусхаи аниқи он.
  1. Нусхаи шиноснома (шиноснома бояд камаш 6 моҳ дар амал бошад), ва тарҷумаи нотариалии он.
  1. Нусхаи қайди дар амалбуда. Будани қайди муваққатӣ дар шиноснома баъди гирифтани ҲЗ.
  1. Нусхаи рухсатнома барои зисти муваққатӣ

 

15 000 рубл

Шарҳвандони хориҷие, ки шаҳрвандии ФР-ро гирифтан мехоҳанд, пеш аз ҳама бояд барои зисти мувавққатӣ рухсатнома расмӣ кунонанд. Баъди мувафаққиятнок дар тўли як сол дар Россия бо ин ҳуҷҷат зиндагонӣ намудан, онҳо ҳуҷҷати зистро гирифта метавонанд, ки пеш аз гирифтани шаҳрвандӣ давраи охирин аст.

 

Ҳуҷҷати зист барои чӣ лозим аст?

 

Ҳуҷҷати зист – ин ҳуҷҷати алоҳида аст, ки дар давоми панҷ сол ҳақиқист. Он ҳуқуқи шаҳрвандро дар давоми панҷ сол бемалол аз ҳудуди мамлакат баромада, бозгаштан, кор карданро медиҳад. Ба ғайр аз ин, будани он ба шаҳрвандони хориҷӣ қариб тамоми ҳуқуқҳои шаҳрванди ФР-ро медиҳад. Ин ҷо фақат истисно хизмати ҳарбӣ ва хизмат дар мақомоти давлатӣ, ҳуқуқи интихоботӣ (бо ҲЗ дар интихоботи мақомоти давлатӣ ишитрок кардан мумкин нест). Ҳамчунин ба маълумоте, ки сири давлатиро ташкил мекунад, ҳуқуқи истифода нест.

Бояд ба назар гирифт, ки дароз карда шудани муддати ҳуҷчати зист дар баъзе ҳолатҳо рад карда шуданаш мумкин аст. Чун сабаби ин амал ва ҳамчунин бекор шудани ҳуҷҷати ҷорӣ айнан ҳамон сабабҳое, ки сабаби рад шудани додани рухсатнома барои зисти муваққатанд, шуда метавонанд. Бояд дар назар дошт, ки аризаро барои дарроз намудани муддати ҲЗ ним сол пеш аз тамом шудани муддати ҳуҷҷати дар малбуда тақдим намуд.

Ҳангоми набудани шаҳрвандӣ, умуман ҳуҷҷати зист дар Россия нақши ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсро иҷро мекунад.

Ҳуҷҷати зист кардан мехоҳед? «Регистралкин» ба ин ёрӣ мерасонад!

Мо барои шаҳрвандони хориҷӣ дар МОсква ва вилояти Москва ёрдамро дар соҳаи расмикунонии ҲЗ таклиф мекунем. Аз рухсатнома барои зисти муваққатӣ сар карда, мизоҷони зиёди мо аллакай шаҳрвандии расмикунонидашудаи ФР-ро доранд.

Дар бораи мо


ХИЗМАТҲОИ МО
Мулоҳизаҳо